Баррасии паҳлӯҳои муҳоҷират дар ноҳияи Рӯдакӣ
Душанбе, 30.12.2014 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Рўдакӣ ҳафтаи гузашта бо аҳли ҷамоати шаҳраки Сомониён доир ба қонунгузориҳои нави Федератсияи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ вохўрӣ баргузор гардид.
Бино ба гуфтаи сухангӯи Хадамоти муҳоҷират Абдуллоҳи Қодирӣ, дар вохўрӣ раиси шаҳраки Сомониён М Бобиев, мудири шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дӯстмурод Умбаров, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Рўдакӣ Х Идиев, ҳуқуқшинос аз Ташкилоти байналхалқии муҳоҷират С.Давлатов, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон, аъзои Шўрои занону ҷавонон ва донишҷўёни Коллеҷи фарҳанг иштирок намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот оид ба қонунгузориҳои ФР дар самти муҳоҷират, тағйиру иловаҳо ба он ва дигар паҳлўҳои муҳоҷирати меҳнатӣ маълумоти муфассал дода шуд.
Дар ҷамъомад зиёда аз 230 нафар иштирок намуда, дар охир байни иштирокчиён саволу ҷавоб сурат гирифт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






