Бинои нави мактаб дар Рӯшон
Рӯшон, 20.12.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Иддае аз хонандагони мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами дуюми ноҳияи Рӯшон ба бинои нави иловагӣ, ки бо иқдоми мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ин ноҳия ва бошандагони маҳаллӣ бунёд гардид, кӯч бастанд.
Хонандагони мактаби ин деҳа агарчи дар ду баст тахсил мекарданд, аммо бо афзоиши теъдоди хонандагон ҷои нишаст намерасид, аз ин рӯ мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва сокинони деҳа маблағи муайянро ҷамъ намуда, ба сохтмон шурӯъ карданд. Баъдтар созмони JICA-и давлати Ҷопон низ аз ин ташаббус пуштибони намуда, маблағи муайянро ихтисос дод. Дар натиҷаи ин ҳамкории судманд сохтмони мазкур дар муддати кӯтоҳ мавриди истифода қарор дода шуд.
Ҳангоми ифтитоҳи бинои нав муовини раиси ноҳия Маҷид Маҷидов хонандагону омӯзгорон ва волидони онҳоро табрик карда гуфт, ки дар чанд соли охир бо дастури Сарвари Давлат мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунад. Ҳамасола аз буҷаи ноҳия 76 фоизи маблағ барои риштаи маориф ихтисос дода мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






