Бозгашти собиқ Президент ба сиёсат

Декабрь 2, 2014 12:01

 Душанбе, 02.12.2014. (АМИТ «Ховар».-Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Тибқи иттилои  ҳизби «Иттифоқи ҳаракати мардумӣ»-и Фаронса собиқ президенти Фаронса Николя Саркозӣ расман ба арсаи сиёсат баргашта, роҳбари ҳизби «Иттифоқи ҳаракати мардумӣ» интихоб гардид. Бояд гуфт, ки дар даври якуми интихоботи дохилиҳизбӣ Николя Саркозӣ 64,5 дарсади овозҳоро соҳиб шуда буд. Гуфтан ба маврид аст, ки раъйдиҳии дохилиҳизбӣ тавассути интернет сурат гирифта, дар он рақибони Саркозӣ шикаст хӯрданд. 
 
Душанбе,02.12.2014. (АМИТ «Ховар».- Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Би-Би-Си  ҳафтаи равон дар пойтахти Миср — шаҳри Қоҳира  садҳо нафар ба кӯчаҳо баромада, даст ба ошӯб ва бетартибиҳо заданд. Дар натиҷа миёни тазоҳуротгарон ва кормандони мақомоти полис задухӯрди шадид ба амал омад, ки бар асари он панҷ нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо каси дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ  бардоштанд. Мувофиқи иттилои расида, ташкилкунандагони бетартибӣ намояндагони ҳаракати фаъолияташ дар Миср мамнӯи «Ҷабҳаи салафиҳо» ва «Ихвон-ул- муслимин»  дар ин амалҳои ҷиноӣ даст доранд. 
 
     Душанбе,02.12.2014. (АМИТ «Ховар».- Мувофиқи иттилои  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Афғонистон  дар пайи амалиёти кормандони қудратии кишвар, ки  дар ҳудуди вилоятҳои Қандаҳор, Ҳилманд, Лугар ва Ғазнӣ гузаронида шуд, 38 мухолифи мусаллаҳи давлат безарар гардонида шуда, чанд нафари дигар захмӣ гардид. Гуфта мешавад. ки як миқдори муҳимоти ҷангӣ низ дарёфт ва  мусодира шуд. 
 
        Душанбе, 02.12.2014. (АМИТ «Ховар».- Дар натиҷаи қарори намояндагони узви созмони кишварҳои содиркунандаи нафт — ОПЕК арзиши нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ боз ҳам коҳиш ёфт. Аз ҷумла, нархи навъи «Брент» 70 доллар хариду фурӯш мешавад. Гуфтан ба маврид аст, ки имрӯзҳо 12 кишвари узви ОПЕК 40 дарсади «тиллои сиёҳ»-и ҷаҳонро истихроҷ менамояд, ки ин ба 30 миллион баррел дар як шабонарӯз баробар аст. 
 
 

Декабрь 2, 2014 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид