Дар боби маводи нашъаовар чиро бояд донист?
Душанбе, 25.12.2014 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бо мақсади дар амал татбиқ намудани “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ВМКБ тибқи нақшаи корӣ оид ба гузаронидани чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ бо сокинони махаллаҳои шаҳри Хоруғ, хонандагони синфҳои болоӣ, донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ ва Донишгоҳи шаҳри Хоруғ вохӯрӣ ташкил намуданд.
Намояндагони агентӣ ба ҷамъомадагон дар бораи тамоюлҳое, ки ба содир шудани ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон боис мегарданд, оид ба таъсири нашъамандӣ ба организми ҷавонон, роҳҳои сироят шудан ба касалии ВИЧ-сироят маълумоти муфассал доданд.
Кормандони агентӣ зикр намуданд, ки дар деҳот обрӯ ва нуфузи падару модар дар тарбияи насли наврас аҳамияти калон дорад ва шахсан волидайн барои тарбияи фарзандон дар рӯҳияи рад кардани истеъмоли мухаддирот масъулияти бузург бар дӯш доранд.
Инчунин таъкид гардид, ки аҳолӣ танҳо дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ қодир аст ба паҳншавии маводи мухаддир муқовимат намояд, то ки насли наврасро аз ҷалбшавӣ ба нашъамандӣ эмин нигоҳ дорад.
Дар вохӯрӣ инчунин аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба сӯйистемоли маводи нашъаовар, намояндагони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, сармуҳаррирони рӯзномаҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ, коллективҳои педагогии мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ иштирок намуданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ иттилоъ доданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






