Даргузашти генерал Суҳроб Қосимов

Декабрь 16, 2014 10:41

Душанбе, 16.12.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Имрӯз генерал-майор Суҳроб Қосимов пас аз бемории тӯлонӣ дар шаҳри Душанбе вафот кард.Бино ба гуфтаи наздикони Суҳроб Қосимов мавсуф дар шаҳри Маскави Русия низ табобат гирифта буд.Ба гуфтаи наздикон, генерал субҳи имрӯз, 16-уми декабр тахминан соати 6 аз олам даргузашт. Ӯ гирифтори бемории саратони мағз будааст.Маросими ҷанозаи Суҳроб Қосимов соати 13:00 дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Ҷасади марҳум дар деҳаи Оқсӯи ноҳияи Данғара ба хок супурда хоҳад шуд. Суҳроб Қосимов то соли 2007 фармондеҳи Бригадаи зудамали таъйиноти махсуси ВКД буд, ки дар моҳи марти ҳамон сол ба истеъфо рафт.Аз ҷумла, мавсуф чандин сол роҳбарии Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба уҳда дошта, соли 2012 аз ин вазифа барканор шуд. Суҳроб Қосимов 2-юми сентябри соли 1961 дар ноҳияи Совети вилояти Хатлон зода шудааст.Соли 1980 ба Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Маскав ба номи Ленин дохил шуда, соли 1985 онро хатм мекунад.

Декабрь 16, 2014 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд