Даъвати раиси ИЖТ аз намояндагони ВАО
Душанбе, 16.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) Акбаралӣ Сатторов, ки ҳамзамон узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ /КМИР/ мебошад, 16 декабр зимни суҳбати мизи мудаввар дар Душанбе аз намояндагони васоити ахбори оммаи /ВАО/ кишвар даъват намуд, ки дар инъикоси раванди омодагӣ ва баргузории интихоботи парлумонӣ дар ҷумҳурӣ ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, воқеъбинона иттилои саҳеҳу беғаразро ба ҷомеа расонанд, зеро,- афзуд Акбаралӣ Сатторов,- он рӯйдодҳои ҷаҳони муосир, бахусус ҳодисаҳои охире, ки дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон, назири Украина ба амал омаданд, маҳз дар давраи баргузории интихоботҳо шурӯъ шудаанд. Мавсуф аз намояндагони ВАО-и кишвар даъват ба амал овард, ки дар давраи инъикоси раванди баргузории ин чорабинии муҳими сиёсӣ -интихоботи навбатии парлумонӣ аз доираи принсипҳои одоби шарқиёнаи худ берун набаромада, дар ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ устувор ва содиқ бимонанд, зеро дар атрофи мо хавфу хатарҳои зиёд вуҷуд дошта, ҳодисаҳои солҳои 90-уми қарни 20, ки дар кишварамон ба вуқӯъ пайваст, маҳз аз саҳифаҳои матбуот сарчашма гирифтанд,-таъкид кард раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






