Дидори Сироҷидин Аслов бо Робин Орд-Смит
Душанбе, 18.12.2014 (АМИТ «Ховар»).- 18 декабри соли 2014 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Британияи Кабир дар Тоҷикистон Робин Орд-Смитро бинобар ба итмом расидани муҳлати хизмати дипломатиаш дар ҷумҳурӣ ба ҳузур пазируфт.
Дар суҳбат вазири корҳои хориҷӣ барои саҳми арзандаи сафир баҳри густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабир изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки дар давоми фаъолияти сафир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибҳо ба муваффақиятҳо дар соҳаҳои мухталифи ҳамкориҳои дуҷониба комёб шуданд.
Дар навбати худ, сафир Орд-Смит барои мусоидат ва дастгирӣ дар давоми фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷӣ изҳори миннатдорӣ намуд.
Дар анҷоми мулоқот вазири корҳои хориҷӣ ба Сафири Британия муваффақияти комилро дар фаъолияти минбаъдаи касбӣ таманно намуд.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






