ДМИТ: Ҷамъбасти бобарори сол

Декабрь 29, 2014 11:58

 
Душанбе, 29.12.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-26 декабри соли ҷорӣ дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) ҷаласаи васеи ғайринавбатии Шӯрои олимон бо иштироки ҳайати профессорону устодон ва кормандони донишкада баргузор гардид.
Тавре ки сухангӯи донишкада Машҳура Абдуллоева иттилоъ дод, донишҷӯи курси дуюми факултети молия ва қарзи донишкада Қиёмиддин Ёров барои ишғоли ҷои аввал дар озмуни ровиёни ҷавон таҳти унвони «Ворисони Ҷомӣ», ки бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни муҳассилини макотиби олии кишвар баргузор шуд, бо Сипосномаи кумита сарфароз гардонда шуд.
Баъдан тибқи рӯзномаи ҷаласа ҳисоботи ректори донишкада Ашурбой Солиев оид ба натиҷаҳои фаъолияти ДМИТ дар соли 2014 ва вазифаҳо барои соли 2015 шунида шуд, ки фарогири фаъолияти тамоми ҷабҳаҳои муассисаи таълимӣ дар муддати соли ҳисоботӣ буд.
Ишора шуд, ки самти раванди таълим дар донишкада чун анъана дар асоси талаботи асноди меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ ба роҳ монда шуда, таълиму тарбияи мутахассисони оянда тибқи стандартҳои давлатии таҳсилот ва нақшаҳои таълимии тасдиқшуда амалӣ мегардад.  Ҳадафи асосии ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада  тарбияи мутахассисони фаъол ва созанда, инчунин дар руҳияи баланди худшиносии миллӣ, хештаншиносиву ифтихори ватандорӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангиву ахлоқӣ тарбия намудани донишҷўён аст, ки ҳамаи ин барои ноил шудан ба дастовардҳои илмию техникӣ ва фарҳангӣ мусоидат менамояд.
Ҷиҳати беҳтар кардани корҳои таълимию методӣ ва илмиву тарбиявӣ барои соли 2015 иҷрои вазифаҳои мушаххас муҳим арзёбӣ гардида, вобаста ба ин масъулини сохторҳо вазифадор шуданд.

 

Декабрь 29, 2014 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид