Ду кишвари ҳамҷавор мубориза бо ҷинояткориро тавсеа мебахшанд

Декабрь 5, 2014 10:31

   Душанбе, 5.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Тақвияти ҳамкориҳои  мутақобилан судманди Тоҷикистону Афғонистон дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, таъмини амният, омода намудани  мутахассион дар меҳвари мулоқоти вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо Абдул Рауф Иброҳимӣ -раиси Вулуси ҷиргаи Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қарор дошт. Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори тақвияти стратегияи мубориза бо терроризм, экстремизими динӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдиду хатарҳои минтақавӣ ва ҷаҳони муосир мебошад. Таъкид гардид, ки ҳамкориҳои ду кишвари ҳамҷавор дар асоси созишномаю шартномаҳои ҳуқуқӣ тақвият ёфтаанд. Зикр шуд, ки чунин мулоқотҳо судманд буда, ҷиҳати тавсеаи  равобити дӯстонаи ду кишвари ҳамҷавор  ва тақвияти ҳамкориҳои муштарак барои пойдории субот ва амният дар минтақа  имконияти бештареро фароҳам хоҳанд овард.            
          Аз маркази матбуоти ВКД кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар мулоқот намояндагони Парлумони Тоҷикистон ва Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доктор Абдулғафур Орзу иштирок доштанд.  

Декабрь 5, 2014 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад