Ду кишвари ҳамҷавор мубориза бо ҷинояткориро тавсеа мебахшанд
Душанбе, 5.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Афғонистон дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, таъмини амният, омода намудани мутахассион дар меҳвари мулоқоти вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо Абдул Рауф Иброҳимӣ -раиси Вулуси ҷиргаи Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қарор дошт. Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори тақвияти стратегияи мубориза бо терроризм, экстремизими динӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдиду хатарҳои минтақавӣ ва ҷаҳони муосир мебошад. Таъкид гардид, ки ҳамкориҳои ду кишвари ҳамҷавор дар асоси созишномаю шартномаҳои ҳуқуқӣ тақвият ёфтаанд. Зикр шуд, ки чунин мулоқотҳо судманд буда, ҷиҳати тавсеаи равобити дӯстонаи ду кишвари ҳамҷавор ва тақвияти ҳамкориҳои муштарак барои пойдории субот ва амният дар минтақа имконияти бештареро фароҳам хоҳанд овард.
Аз маркази матбуоти ВКД кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар мулоқот намояндагони Парлумони Тоҷикистон ва Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доктор Абдулғафур Орзу иштирок доштанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






