«Фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» -маҷмӯаи оморӣ
Душанбе, 3.12.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон). — Дар маҷмӯаи оморӣ оид ба фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2009-2013 маълумотҳо пешниҳод шудаанд.
Аз рӯи иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар китоби мазкур дар бораи содирот, воридоти мол ва хизматрасонӣ барои якчанд сол бо тақсимоти ҷуғрофии мамлакатҳо ва минтақаҳо, динамикаи гардиши савдои хориҷӣ, содирот, воридот аз рӯи мамлакатҳои ИДМ ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон; оид ба содироту воридоти хизматрасониҳои байналхалқӣ аз рӯи намуд ва мамлакатҳо, дар бораи фаъолияти корхонаҳои муштарак, сармояҳои мамлакатҳои хориҷи наздик ва дур маълумотҳо оварда шудаанд.
Бояд гуфт, ки манбаи маълумотҳо иттилооти пешниҳодкардаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳо ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ, ки субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мебошанд, ба шумор меравад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






