Фазои мусоиди ҳуқуқӣ барои сармоягузорони Тоҷикистону Баҳрайн
Душанбе, 25.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Тоҷикистону Баҳрайн ҳамкориро дар бахши сармоягузорӣ тақвият бахшида, дар ин самт шароитҳои мусоидро фароҳам меоранд», гуфт дар Парлумони мамлакат Қодири Қосим-раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ. Мавсуф Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Баҳрайн оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузориро дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон шарҳ дода гуфт, ки ин санад принсипҳои асосии ҳуқуқии вобаста ба танзими фаъолияти сармоягузориро муқаррар намуда, дар маҷмӯъ он баҳри тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои сармояи шахсони воқеию ҳуқуқии Тоҷикистону Баҳрайн равона гардидааст. Дар асоси муқаррароти созишнома ҳар як тарафи аҳдкунанда бояд сармоягузорони тарафи дигари аҳдкунандаро барои сармоягузорӣ кардан дар қаламрави худ ҳавасманд гардонад ва бояд сармоягузориҳоеро иҷозат диҳад, ки ба қонуну қоидаҳои худ мувофиқ бошанд. Бо дархости яке аз тарафҳои аҳдкунанда маълумот оид ба қонунҳо, қоидаҳо, қарорҳо, амалияи маъмурӣ, расмиёт ё сиёсатҳои пешгирифтаи дигар тарафи аҳдкунанда бояд таъмин шавад. Инчунин тибқи санади мазкур тарафҳои аҳдкунанда уҳдадор мешаванд, ки чораҳои беасосро нисбат ба идора, нигоҳдорӣ, истифода, соҳиб шудан ва тақсимоти сармоягузориҳои тарафи дигари аҳдкунандаро қабул накунанд. Ҳамзамон муқаррароти созишномаи мазкур интиқоли озоди маблағҳои сармоягузорони як тарафи аҳдкунандаро аз қаламрави тарафи дигари аҳдкунанда бояд кафолат ва муҳофизат намояд. Тибқи ин санад ҳар як тарафи аҳдкунанда дар қаламрави тарафи дигари аҳдкунанда аз низоми миллӣ ва низоми бештар мусоид бояд истифода баранд. Ва ин низомҳо имтиёзҳоеро, ки як тарафи аҳдкунанда ба сармоягузорони давлати сеюм дар асоси иштирок ё иттифоқ дар минтақаи озоди иқтисодӣ, иттиҳоди гумрукӣ, бозори умумӣ ё дигар шакли ташкилоти иқтисодӣ- минтақавӣ фишор менамояд, дар бар намегирад. Ҳамчунин ин низомҳо ба масъалаҳои андозбандӣ татбиқ намегарданд. Муҳлати амали созишномаи мазкур 10 сол буда, он ба таъмини фазои мусоиди ҳуқуқӣ дар муносибатҳои сармоягузории Тоҷикистону Баҳрайн нақши муассир мебозад. Бояд тазаккур дод, ки санади мазкур, ки аз сӯи вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон тасдиқ гардид, моҳи майи соли 2014 зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Баҳрайн дар Манама- пойтахти ин кишвари арабӣ ба имзо расонида шудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






