Гӯштини миллии ҷумҳуриявӣ бо иштироки 22 даста
Душанбе, 16.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Дар Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олӣ оид ба намудҳои гӯштин чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини миллӣ баргузор гардид. Дар рақобатҳо 22 даста аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат ширкат намуд. Мусобиқаи имсола аз сабқатҳои қабли тафовути бештар ӣдошт, зеро сатҳу сифати ташкили он беҳтар гашта, аз ҳама муҳим шумораи иштирокчиёнаш ба 400 нафар расид, ки ин аз рушди гӯштини миллӣ дарак медиҳад. Кувваозмоиҳои паҳлавонони мамлакат ду рӯз давом карда, иштирокчиён барои дарёфти зинаҳои ифтихорӣ миёни ҳам аз рӯи 9 вазн мубориза бурданд. Барои дар сатҳи баланд ва дар асоси коидаву талаботи махсуси гӯштини миллӣ баргузор гардидани чемпионати ҷумҳурӣ 4 нафар довари дараҷаи байналмилалӣ ва 6 нафар довари ҷумҳуриявӣ гӯштингирии паҳлавононро назорат намуда, аз рӯи маҳорат ва истифодаи дурусти усул ғолибон муайян шуданд. Мавриди зикр аст, ки дар ин мусобиқа як даста аз ҳисоби донишҷӯёни Донишкадаи варзиши ҷумҳурӣ ба номи Саидмуъмин Раҳимов ташкил шуд ва донишҷӯёни он дар мусобиқа аксари мақомҳои ифтихориро соҳиб гаштанд. Хусусан Хоҷазода Беҳрӯз, Сайдо Сафолов, Ҷамшед Шониёзов, Искандар Ашӯров, Шамшод Абдуллоев ва Диловари Савриддин ба дарёфти мақоми аввал даст ёфтанд. Се нишони тиллои дигари мусобиқаро узви дастаҳои дигар Ҷомии Ҳасан, Баҳром Суфиев ва Шуҳрат Фахризода соҳиб шуданд.Бо ба даст овардани нишонаҳои бештар дастаҳои Душанбе 1 ҷойи аввал, Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин ҷойи дувум ва дастаи вилояти Суғд зинаи сеюмро соҳиб шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






