Хаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ дар Тоҷикистон 9 млрд сомониро ташкил дод
Душанбе, 19.12.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон ). — Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ дар Тоҷикистон, дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ, тавассути ҳамаи каналҳои фурӯш 9 миллиард сомониро ташкил дод, ки ин 1,3% бештар аз ҳамин давраи соли гузашта аст.Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба корхонаҳо ва ташкилотҳои расман ба қайд гирифташуда хизматрасонии пулакӣ ба маблағи беш аз 4,7 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки 52,2% аз ҳаҷми умумии хизматрасониро ташкил медиҳад. Дар моҳҳои январ — октябри соли ҷорӣ, ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба ҳар сари аҳолии шаҳри Душанбе, дар муқоиса бо дигар вилоятҳо бартарият дорад. Ҳамин тариқ, ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар Душанбе 5,1 маротиба баландтар аз нишондиҳандаи миёнаи ҷумҳуриявӣ аст.Барои корхонаҳои расман ба қайд гирифташуда ҳаҷми хизматрасонии пулакии аҳолӣ аз ҷониби ташкилотҳое мисли вазорати мудофиа (60,3%), Чамъияти ронандагон (43,5%), Вазорати энергетика ва захираҳои обӣ (33,2%), Вазорати молия (24,1%), хадамоти алоқа (19,4%), Вазорати нақлиёт (7,3%) кам шудааст.Моҳи ноябри соли 2014 хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ дар ҳаҷми 832,3 млн. сомонӣ расонида шуд, ки 5,1% камтар аз моҳи ноябри соли 2013 аст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






