Хашми Президенти Беларус

Декабрь 1, 2014 16:55

Душанбе,01.12.2014. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Масъулони Муассисаи давлатии “Росселхознадзор”-и Русия ҳафтаи равон  дар шарҳи тафтиши мӯшикофонаи ҳама тавлидоти ширӣ ва манъи содироти гӯшти Беларус тавассути хоки Русия ба кишварҳои сеюм гуфтанд, ки маҳдудиятҳо аз 30 ноябри соли 2014 шуруъ мешаванд ва фақат ба маҳсулоти ба феҳристи таҳримҳои ҳукумати Русия воридшуда дахл хоҳанд дошт. Аммо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар мулоқот бо волии Санкт-Петербург Георгий Полтавченко баъд аз рехтани борони қаҳру ғазабаш гуфт: “таассуроте ҳосил мешавад, ки гурӯҳе дар намунаи Беларус, гоҳ дар робита ба лӯлаи газ, гоҳ дар  маводи озуқа мезананд. 
Рафтори мақомоти Русия касро на фақат ҳайратзада, балки хашмгину ноумед мекунад»,-гуфт раиси Ҷумҳурии Беларус.  
      Душанбе,01.12.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дар интихоботи парлумонии Молдова се ҳизби аврупогаро иштирок намуд.  Ҳизби либерал-демократ 19,2, Ҳизби демократ 15,8 ва Ҳизби либерал 9,4 дарсад раъй гирифтанд, ки дар якҷоягӣ ба 44 дарсад расидааст. Аммо ҷамъи раъйҳои аҳзоби русиягарои сотсиалист ва коммунист низ 40 дарсадро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад, ки ҳизбҳои сиёсии тарафдори ҳамгироӣ бо Аврупо пешсафанд. 
      Душанбе,01.12.2014. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии «Ройтерз» собиқ президенти Миср Ҳусни Муборак, ки дар соли 2012 барои куштори эътирозгарон ва фасод муттаҳам мешуд, аз сӯи додгоҳе дар  Миср писарони  ӯ, шаш фармондеҳи баландпояи муҳофизи ӯ ва дӯсти наздикаш, ки тоҷир аст, бегуноҳ дониста шуданд.  
Гуфта мешавад, ки  ҳукми содиршуда дар додгоҳ дар ҳафтаи оянда  қобили таҷдиди назар хоҳад буд.
Душанбе,01.12.2014. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи маълумот собиқ фармондеҳ ва генерали мустаъфии Либия Халифа Хафтар савганд ёд кард, ки шарқи Бенғозиро дар давоми ду ҳафта забт хоҳад кард. Гуфта мешавад. ки дар айни ҳол 80 дарсади ҳудуди ин шаҳр зери назорати неруҳои тобеи ӯ қарор дорад. Дар ҳамин ҳол  20 дарсади қаламрави шаҳри Бенғозиро ҷангиёни гурӯҳи «Ансор ал-Шариъа» назорат мекунанд. 

Декабрь 1, 2014 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Ҳамадонӣ раванди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ пурзӯр карда мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон оид ба пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад