Хатлон: Мулоқотҳои судманд бо ҷавонон
Душанбе, 27.12.2014. (АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ). -Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, ташаккули ҳисси худшиносию ватандӯстӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ ва инчунин эмин нигоҳ доштани наврасону ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ 26 декабри соли равон дар Қисми ҳарбии 2628-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қурғонтеппа мулоқоти муовини якуми раиси кумита М. Муинӣ, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказӣ И. Мирзоев ва сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон Фариза Абдуллоева бо сарбозон ва ҷавонони фаъоли шаҳр доир гардид.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти кумита Наврӯз Қурбонов иттилоъ дод, дар мулоқот масъалаи ҳимояи марзу буми кишвар, эмин нигоҳ доштани истиқлолияти давлатӣ ва аз таҳдидҳои ҷаҳони муосир ҳифз намудани ҷавонону наврасон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ метавонад ҳаёти осоиштаро халалдор намояд.
Масъулини кумита вобаста ба дастгириҳои Ҳукумати мамлакат нисбат ба ҷавонону наврасон ва сарбозон маърӯза намуда, ҷавононро ба хизмати содиқона ва саҳмгузорӣ дар рушду ободии кишвар даъват намуданд.
Дар фарҷом ба 8 нафар сарбози қисми ҳарбӣ туҳфаи хотиравӣ супорида шуд. Дар ҳамин радиф дар доираи Амалиёти “Биёед китоб мехонем!”, ки бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҷараён дорад, ба қисми ҳарбии 2628-и Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилояти Хатлон 200 адад китоби гуногун барои мутолиа тақдим шуд.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






