Иқдомҳои «Тоҷикстандарт» ҷиҳати боло бурдани сифат
Душанбе, 5.12.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо («Тоҷикстандарт») ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятӣ-машваратӣ оид стандартонӣ ва баҳодиҳии мутобиқат доир гардид.
Аз Агентии «Тоҷикстандарт» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласаи Шӯро масоили ҷорӣ намудан ва сертификатсияи низоми бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар корхонаҳои ҷумҳурӣ тибқи талаботи стандарти байналмилалии ISO 22 000, иштироки корхонаҳои ватанӣ дар озмун барои дарёфти ҷоизаи ИДМ оид ба дастовардҳо дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ ва амсоли инҳо муҳокимаву баррасӣ гардиданд.
Тазаккур додан ба маврид аст, ки татбиқи масъалаҳои мазкур ба боло рафтани сифати маҳсулоти ватанӣ, рақобатпазирии он ва дар ин замина афзудани иқтидори содиротии мамлакат мусоидат мекунад.
Мавриди ёдоварист, ки Шӯрои ҷамъиятӣ-машваратӣ оид стандартонӣ ва баҳодиҳии мутобиқат дар назди Агентии «Тоҷикстандарт» фаъолият намуда, аъзои онро олимону муттахассисони соҳа ва намояндагони идораву ташкилотҳои марбута ташкил медиҳанд. Ҷаласаи навбатии он бо мусоидати Ташкилоти байналмилалии GIZ доир гардид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






