Иқдоми хайрхоҳона барои Мактаб — интернати «Хирманак»

Декабрь 25, 2014 15:07

Душанбе,  25.12.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих).- Бо  ибтикори  ҳамсари  сафири Ҷумҳурии  Қазоқистон  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Клара  Смагулова 24  декабр  дар  арафаи Соли  Нав  дар Мактаб — интернати  махсуси  ҷумҳуриявии дорои  тартиби  махсус барои  кӯдакони   мубталои  бемории полиомиелити «Хирманак» иқдоми  хайрхоҳона  роҳандозӣ  шуд. 
Дар  ин  маросим  ҳамсари   сафири  Ҷумҳурии  Қазоқистон  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Клара  Смагулова,  ҳамсари  сафири  Федератсияи  Русия  дар  Тоҷикистон  Елена  Лякина — Фролов,  ҳамсари  сафири  Ҷумҳурии  Ӯзбекистон  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Ҷамила  Шоисломова,  ҳамсари  мушовири  калони  Президенти  ҶТ  Алина  Нодирова,  муовини раиси Раёсати  Ҷамъияти  дӯстӣ ва  равобити  фарҳангии  Тоҷикистон бо  кишварҳои  хориҷӣ  Мушаррафа  Шарифова   ширкат  доштанд.
Директори Мактаб — интернати  махсуси  ҷумҳуриявии  «Хирманак»   Наргис  Муқимова  ба меҳмонон  барои иқдоми  хайрхоҳона дар  арафаи  Соли  Нав  изҳори  сипос  карда,  чунин гуфт: «Басо  хуш  аст, ки  занони  мо,  ҳамсарони  дипломатҳо,  аз  соли  гузашта  инҷониб барои  аёдати кӯдакони  мо ба  ин ҷо  меоянд. Мехоҳам  аз ҷониби  ҳамаи  аъзои  мактаб — интернат ва  кӯдакон  барои  некхоҳии онҳо  сидқан  изҳори  миннатдорӣ  намоям». 
Сипас  ҳамсари  сафири Ҷумҳурии  Қазоқистон  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Клара  Смагулова ҳамаи  кӯдакон,  омӯзгорон  ва  ҳозиронро бо фарорасии  Соли  Нав  муборакбод  карда,  ба  кормандони мактаб — интернат дар  фаъолияти  наҷибонаашон  муваффақиятҳо  орзӯ  намуд. 
Ҳамсари  сафири Федератсияи  Русия  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Елена Лякина — Фролова  зимни  суханрониаш  тарбиягирандагони  мактабро  бо  фарорасии Соли  Нав  муборакбод  карда,  ба  омӯзгорони он  барои  меҳнати  ҳалол  ва  меҳру  муҳаббаташон  нисбат ба  кӯдакони  ятим  изҳори  миннатдорӣ  намуд. 
Дар  анҷоми  иқдоми  хайрхоҳона  ҳамсари  сафири  Ҷумҳурии  Қазоқистон  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Клара  Смагулова ба  директори  мактаб  Наргис  Муқимова  ноутбуки асриро тақдим  кард. 
Ёдовар  мешавем, ки то  имрӯз дар Мактаб —  интернати  махсуси  ҷумҳуриявии дорои тартиби  махсус  барои  кӯдакони  мубталои бемории  полиомиелити «Хирманак»   325 нафар  кӯдакон  зиндагӣ ва таҳсил  менамоянд. Дар  ҳошияи  иқдоми  хайрхоҳона  ба  ҳамаи  кӯдакони  мактаб  тӯҳфаҳои  солинавӣ  супурда  шуданд,  ки  маблағи  умумии  онҳо  беш  аз  3  ҳазор  доллари  ИМА — ро ташкил  медиҳад.

Декабрь 25, 2014 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад