И.Лякин — Фролов: «Русия суръати рушди равобит бо Тоҷикистонро баланд мебардорад»
Душанбе, 25.12.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- «Русия, сарфи назар аз душвориҳои мавҷуда, суръати рушди равобит бо Тоҷикистонро дар ҳамаи бахшҳои ҳамкорӣ баланд бардошта, Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд», — гуфт сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин — Фролов. Дипломати Русия дар баробари ин суханони зерини В.В.Путин зимни мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмонро, ки 11 сентябри соли 2014 гуфта буд, мисол овард: «Мо Тоҷикистонро иттифоқчии басо қаринамон мешуморем. Муносибатҳои мо аҳамияти стратегӣ доранд. Мо ин муносибатҳоро ба дараҷаи баланд арзёбӣ намуда, минбаъд ҳам онҳоро рушду густариш медиҳем».
Сафири Русия зимни гуфтораш бо журналистон муҳоҷирати меҳнатиро ёдовар шуда, хотирнишон сохт, ки Тоҷикистон ягона кишварест, ки Федератсияи Русия ҳанӯз соли 1995 шартномаро дар бораи ҳалли масоили табаияти дуҷониба имзо карда буд. Ин ба шаҳрвандони Тоҷикистон имкон медиҳад, ки табаияти Русияро қабул намуда, ҳамзамон шаҳрванди Тоҷикистон бошанд.
Дар ҷараёни мулоқот зикр шуд, ки Русия тайи 10 соли охир ба Тоҷикистон ёрии моддӣ мерасонад, ки имрӯз маблағи умумии он беш аз 60 миллион долларро ташкил медиҳад.
Дипломати Русия дар анҷоми мулоқот ба муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон дар бахшҳои фарҳангу маориф дахл карда, зикр намуд, ки алҳол қариб 7 ҳазор нафар донишҷӯёни тоҷик дар донишкадаҳои олии Русия таҳсил менамоянд.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






