И.Лякин — Фролов: «Русия суръати рушди равобит бо Тоҷикистонро баланд мебардорад»

Декабрь 25, 2014 15:08

Душанбе,  25.12.2014. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих).- «Русия,  сарфи  назар  аз душвориҳои  мавҷуда,  суръати  рушди  равобит бо  Тоҷикистонро дар  ҳамаи  бахшҳои  ҳамкорӣ  баланд бардошта,  Тоҷикистонро  ҳамаҷониба  дастгирӣ  менамояд», — гуфт  сафири  Русия дар  Тоҷикистон Игор Лякин — Фролов.  Дипломати Русия  дар  баробари  ин  суханони  зерини В.В.Путин  зимни  мулоқот  бо Эмомалӣ  Раҳмонро, ки  11  сентябри  соли 2014  гуфта буд,  мисол  овард: «Мо  Тоҷикистонро  иттифоқчии  басо қаринамон мешуморем. Муносибатҳои  мо  аҳамияти  стратегӣ  доранд. Мо  ин  муносибатҳоро  ба дараҷаи баланд  арзёбӣ  намуда, минбаъд  ҳам онҳоро рушду  густариш  медиҳем».
Сафири  Русия  зимни  гуфтораш  бо  журналистон  муҳоҷирати  меҳнатиро  ёдовар  шуда, хотирнишон  сохт, ки Тоҷикистон  ягона  кишварест, ки  Федератсияи  Русия ҳанӯз  соли  1995 шартномаро  дар  бораи  ҳалли  масоили  табаияти  дуҷониба имзо  карда буд. Ин ба  шаҳрвандони  Тоҷикистон  имкон  медиҳад, ки табаияти  Русияро  қабул  намуда, ҳамзамон шаҳрванди  Тоҷикистон бошанд. 
Дар  ҷараёни мулоқот  зикр  шуд, ки  Русия тайи  10  соли охир  ба Тоҷикистон ёрии  моддӣ  мерасонад, ки  имрӯз  маблағи  умумии  он  беш  аз  60  миллион долларро ташкил  медиҳад. 
Дипломати  Русия дар  анҷоми  мулоқот  ба  муносибатҳои Русия  ва  Тоҷикистон  дар  бахшҳои  фарҳангу  маориф дахл  карда,  зикр  намуд, ки  алҳол қариб  7  ҳазор  нафар  донишҷӯёни тоҷик  дар  донишкадаҳои  олии  Русия таҳсил  менамоянд. 

Декабрь 25, 2014 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд