Имтиҳоноти ниҳоии донишҷӯёни ДДХ
Душанбе, 24.12.2013. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Шурӯъ аз 23 декабр маъракаи имтиҳоноти ниҳоии донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Б.Ғафуров ба тариқи марказонидашуда оғоз гардид.
Ба иттилои сардори Маркази тестии донишгоҳ Илҳом Каримов 5 ҳазору 867 нафар донишҷӯи донишгоҳ аз 391 фанни таълимӣ дар 304 гурӯҳҳои академикӣ имтиҳон месупорад. Дар маҷмӯъ, дар давоми се ҳафта 28 ҳазору 933 имтиҳон гузаронида мешавад.
Илҳом Каримов гуфт, ки ин намуди имтиҳонсупории марказонидашуда дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бори аввал буда, чанд муқаррароти хешро дорад. Аз ҷумла, ба маҷмӯи маводи имтиҳон варақаи ҳозиршавии донишҷӯ, саволҳои имтиҳон, ҷавобҳои имтиҳон ва сандуқи нигоҳдории ҷавобҳо дохиланд. Ҷараёни супоридани имтиҳон аз тарафи деканҳои факулта, намояндаи Раёсати донишгоҳ ва дигар нозирон назорат бурда мешавад. Дахолат ба раванди имтиҳонсупорӣ ва вайрон намудани талаботи Маркази тестӣ манъ шудааст.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






