Имтиҳоноти ниҳоии донишҷӯёни ДДХ

Декабрь 24, 2014 11:44

Душанбе, 24.12.2013. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Шурӯъ аз 23 декабр маъракаи имтиҳоноти ниҳоии донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ)  ба номи академик Б.Ғафуров ба тариқи марказонидашуда оғоз гардид. 
Ба иттилои сардори Маркази тестии донишгоҳ Илҳом Каримов 5 ҳазору 867 нафар донишҷӯи донишгоҳ аз 391 фанни таълимӣ дар 304 гурӯҳҳои академикӣ имтиҳон месупорад. Дар маҷмӯъ, дар давоми се ҳафта 28 ҳазору 933 имтиҳон гузаронида мешавад. 
Илҳом Каримов гуфт, ки ин намуди имтиҳонсупории марказонидашуда дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бори аввал буда, чанд муқаррароти хешро дорад. Аз ҷумла, ба маҷмӯи маводи имтиҳон варақаи ҳозиршавии донишҷӯ, саволҳои имтиҳон, ҷавобҳои имтиҳон ва сандуқи нигоҳдории ҷавобҳо дохиланд. Ҷараёни супоридани имтиҳон аз тарафи деканҳои факулта, намояндаи Раёсати донишгоҳ ва дигар нозирон назорат бурда мешавад. Дахолат ба раванди имтиҳонсупорӣ ва вайрон намудани талаботи Маркази тестӣ манъ шудааст. 
 
 
 
 
 

Декабрь 24, 2014 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд