Имзои созишнома дар бораи интиқоли неруи барқ
Истамбул, 08.12.2014. (АМИТ «Ховар», Катерина Аксакова ).- Тавре ки аз консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Истамбул ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз 29 ноябр то 5 декабр дар шаҳри Истамбули Туркия ҷаласаи хотимавии Гурӯҳи муштараки корӣ дар бораи интиқолу савдои неруи барқ байни Осиёи Марказию Ҷанубӣ — CASA 1000 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа ҳайатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Покистон ва Афғонистон ширкат доштанд. Роҳбарии ҳайати Тоҷикистонро муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ба ӯҳда дошт.
Намояндагони чор кишвар аз рӯи натиҷаи ҷаласа созишнома дар бораи татбиқи лоиҳаи CASA 1000 — ро ба имзо расониданд. Тибқи лоиҳаи мазкур бояд Тоҷикистону Қирғизистон дар фасли тобистон Афғонистону Покистонро бо неруи барқ таъмин намоянд. Системаи нави хатҳои интиқоли барқи CASA 1000 имкон медиҳад, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ захираҳои аз нигоҳи экологӣ тозаи нерӯи барқ ба таври самарабахш истифода шаванд.
Ҳайати Тоҷикистонро сафири Тоҷикистон дар Туркия Фаррух Шарифов ва консули генералии Тоҷикистон дар Истамбул Илҳом Абдураҳмонов ҳамроҳӣ мекарданд.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






