Ирсол ва воридшавии номаҳои табрикӣ ба муносибати фаро расидани Соли Нави мелодӣ
Душанбе, 31.12.2014 (АМИТ «Ховар»).-Ба муносибати фаро расидани Соли Нави мелодӣ аз номи Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони сарварони мамолики Аврупо, Шарқи Дуру Наздик, Осиё, кишварҳои Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Африқо, давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин роҳбарони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, минтақавӣ ва шахсиятҳои бузурги хориҷӣ номаҳои шодбош ирсол гардиданд. Дар онҳо зимни табрикоти самимӣ ба роҳбарият ва мардуми ин кишварҳо орзуҳои беҳтарин иброз гаштааст.Ҳамзамон ба ин муносибат ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳои ҷаҳон, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ номаҳои шодбош расиданд. Ворид гаштани табрикоти солинавӣ ба номи Сарвари давлат идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






