Иштироки намояндагони ФФТ дар семинарҳои КФО
Душанбе, 11.12.2014. (АМИТ «Ховар»).- Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон — мутахассиси пешбурди шуъбаи байналмилалии федератсия Ҷовидон Ҳасанов ва мутахассиси шуъбаи техники он Азизҷон Достиев дар семинари маърифатии Конфедератсияи футболи Осиё, ки аз 7 то 9 декабр дар пойтахти Малайзия шаҳри Куала — Лумпур баргузор гардид, иштирок намуданд.Дар шаҳри Куала — Лумпур ҳамчунин семинари Конфедератсияи футболи Осиё барои комиссарони ояндаи бозиҳо баргузор гардид, ки дар кори он роҳбари кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон Комрон Шодиев ва собиқ менеҷери дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон Нур Умаров аз ҷониби Тоҷикистон ширкат доштанд. Иштирокдорони семинар аз рӯи натиҷаи он имтиҳон супориданд. Онҳое, ки дар курсҳои омӯзишӣ муваффақ шудаанд, ба рӯйхати комиссарони Конфедератсияи футболи Осиё барои мавсими ояндаи футбол ворид гардидаанд.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






