Ислоҳот вобаста ба беҳтарнамоии фазои сармоягузории Тоҷикистон
Душанбе, 18.12. 2014. (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Имрӯз дар Кохи “Ваҳдат” оид ба муаррифии натиҷаҳои ислоҳот вобаста ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.Дар кори конфронс намояндагони бахшҳои давлатӣ, бахшҳои хусусӣ, шарикони рушд ва коршиносони соҳа иштирок ва вобаста ба мавзӯи мазкур маърӯза карданд.Нигина Анварӣ, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар конфронс иброз дошт, ки дастгирии соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ ва ташаккули фазои мусоид барои сармоягузорӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба шумор меравад.Ҳамчунин зикр гардид, ки мақсади чорабинӣ муаррифии натиҷаҳои ислоҳоти соли ҷорӣ, ки дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратӣ татбиқ гардиданд, мебошад, ки бо ин мақсад дар соли равон бо ташаббуси Кумитаи мазкур якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ва бахшҳои хусусӣ дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратӣ Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ” дар таҳрири нав бо истифода аз таҷрибаи байналмилалӣ ва марҳилаи дуюми «Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ барои солҳои 2012-2020» барои се соли оянда, яъне солҳои 2015-2017 қабул гардида, мавриди амал қарор дорад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






