Истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо

Декабрь 16, 2014 16:26

Душанбе, 16.12.2014. (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).-Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии мамлакат соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ  дар  83,11  гектар  гармхонаҳои  доимӣ кишти  сабзавот  гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  40,6  гектар зиёд мебошад. Аз ҳисоби кишти умумӣ 37,38 гектарро помидор, 24,15 гектарро бодиринг ва 21,58 гектарро дигар сабзавот ташкил медиҳад. 
Ҳафтаи равон аз гармхонаҳои доимии ҷумҳурӣ ба миқдори 72,4 тонна помидор, 22,1 тонна бодиринг ва  33,1 тонна дигар сабзавот ҷамъоварӣ шудааст.
Кишоварзони  вилоятҳои Хатлон  имсол  дар  майдони  48,42  гектар,   Суғд  дар  майдони  20  гектар  ва  ноҳияҳои  тобеи  ҷумҳурӣ  дар 14,61  гектар  дар  гармхонаҳо  сабзавот  кишт  намуданд.
 
 
 

Декабрь 16, 2014 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид