Истиқболи Соли нави мелодӣ дар майдони «Дӯстӣ»

Декабрь 22, 2014 10:21

          Душанбе, 22.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Сокинон ва меҳмонони Душанбе Соли нави мелодии 2015-ро шоми 31 декабр дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт таҷлил менамоянд. Дар ин ҷо аз соати  19:00 то 21:00 бо иштироки устодони санъат ва ситораҳои эстрадаи тоҷик барномаи идонаи солинавӣ баргузор гардида, он бо мушакпарронии 5 дақиқагӣ ба анҷом мерасад.  Тибқи нақшаи шаҳрдории Душанбе дар майдони «Дӯстӣ» то 30 декабри соли равон арчаи солинавӣ гузошта мешавад. 
          Ҳамзамон тибқи барномаи тарҳрезинамудаи шаҳрдории Душанбе дар иртибот ба омодагӣ ва таҷлили Соли нави мелодӣ 30 декабр дар толори Сирки давлатӣ намоиши идонаи солинавӣ барои хонандагони болаёқати пойтахт ташкил  мешавад. Инчунин аз ҷониби шаҳрдории пойтахт ба таври маблағгузорӣ ба мактаб-интернатҳои шаҳр кумакҳои хайрия расонида шуда, барномаҳои бадеии солинавӣ ташкил мешаванд.  
           Вобаста ба баргузории чорабиниҳои идонаи солинавӣ дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт 31 декабр аз соати 17:30 то 22:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ аз чорроҳаи кӯчаи Шоҳтемур то чорроҳаи кӯчаи Бухоро манъ  мешавад.    
 
 

Декабрь 22, 2014 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд