«Истиқлол» ва «Хайр» барои Ҷоми КФО -2015 қувваозмоӣ мекунанд

Декабрь 1, 2014 11:56

Душанбе,  01.12.2014. (АМИТ «Ховар»).- 29  ноябр  Кумитаи  иҷроияи  Конфедератсияи  футболи  Осиё  дар  пойтахти  Филиппин   шаҳри  Манила  тасмими  кумитаи   мусобиқоти КФО — ро  дар  бораи  тақсими  ҳиссаи   кишварҳои  иштироккунандаи Лигаи  қаҳрамонон  ва Ҷоми  КФО  тасдиқ  намуд. 
Назар  ба  хабари Федератсияи  футболи  Тоҷикистон,  кишвари  моро  барои  дарёфти  Ҷоми  КФО  дастаи «Истиқлол» — шаҳри  Душанбе  ва  дастаи  «Хайр» —  и  шаҳри  Ваҳдат  намояндагӣ  мекунанд. 
Қаҳрамони  кишвар  ва ҷоизи Ҷоми миллат   дастаи «Истиқлол» — и  Душанбе  қувваозмоиро  аз   марҳалаи  гурӯҳии  мусобиқот  оғоз   менамояд.
Дастаи  «Хайр»  барои   ворид  шудан  ба  марҳалаи  гурӯҳӣ  бояд ду  ғалаба ба  даст орад. Дар  даври  дуюми  мусобиқот  қаҳрамони  Бангладеш  дастаи «Шайх» Ҷамол» ҳарифи   дастаи  «Хайр  мегардад, ки  вохӯрии онҳо  10  феврал дар  шаҳри  Душанбе баргузор  мешавад. Клуби  шаҳри  Ваҳдат  дар  сурати   пирӯзиаш  дар  даври   сеюми ҳалкунанда  17  феврал  бо ҷоизи Ҷоми  Лубнон  дар  соли 2014  клуби  «Салам Ҷҳарта» қувваозмоӣ  менамояд.

Декабрь 1, 2014 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд