Италиё хоҳони хариди фулузоту сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон аст
Душанбе, 03.12.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон ).- 2 декабр раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид дар шаҳри Перуҷи Италиё бо директори генералии ширкати «Конфиндустрия Умбрия», раиси Иттиҳодияи саноатчиёни Италиё Аурелио Форсигнано мулоқот анҷом дод.
Тавре ки аз ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Шариф Саид дар ҷараёни мулоқот самтҳои асосии фаъолияти палата ва имконоти иқтисодии кишварро баён кард.
Ба бахши иқтисодиёти ширкатҳои косибӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда, зикр гардид, ки барои истихроҷу истеҳсоли ашёи хом ва маводи мухталиф аз ҷумлаи фулӯзоту сангҳои қиматбаҳо ва моддаҳои минералӣ имкониятҳои зиёде мавҷуданд. Ба Италиё ворид намудани маводи зикршуда аз ҷумлаи ҳамкории муфид дониста шуд.
Ҳамчунин зикр шуд, ки Италиё хоҳони хариди фулузоту сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон аст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






