Итолиёҳо дар Душанбе Аквапарк месозанд
Душанбе, 18.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Масъалаи ҳолати ҷараёни таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ-хароҷотии Аквапарки Душанбе дар меҳвари мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев-раиси шаҳри Душанбе ва Франческо Феррари -ноиби президенти ширкати итолиёвии «Preston&Barbieri» қарор дошт. Мусоҳибон бо таъкиди зарурати ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои марбутаи шаҳрӣ бо ин ширкати итолиёӣ қарор намуданд, ки то охири январи соли 2015 омодасозии лоиҳаи кории иншоот ва ба ташхис супоридани он ба анҷом расонида шавад. Бояд зикр кард, ки ширкати итолиёии «Preston&Barbieri» ғолиби озмуни байналмилалии эълоннамудаи шаҳрдории Душанбе бобати дарёфти интихоби беҳтарин лоиҳа ва пудратчии асосии иҷрои корҳо дар самти таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ — хароҷотии иншооти сохтмонаш нотамоми Аквапарки Душанбе мебошад. Франческо Феррари зикр намуд, ки Муассисаи давлатии «Боғи пойтахт», ки дар истеҳсол ва насби воситаҳои дилхушии замонавии он ширкати «Preston&Barbieri» ҳамчун ғолиби озмуни байналмилалӣ иштирок варзидааст, имкон дорад дар озмуни байналмилалӣ, ки ҳамасола миёни боғҳои дорои воситаҳои дилхушию фароғатӣ гузаронида мешавад, ширкат намояд. Чунин озмун дар соли 2015 дар шаҳри Маскав баргузор гардида, Ф. Ферарӣ аз М. Убайдуллоев хоҳиш намуд, барои ба озмун пешниҳод намудани Муассисаи давлатии «Боғи пойтахт» розигӣ диҳад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






