Изҳороти Маркази робитаҳои ҷамъиятии Раёсати КДАМ ҶТ дар ВМКБ
Изҳороти Маркази робитаҳои ҷамъиятии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБДушанбе, 15.12.2014 (АМИТ «Ховар»)- Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ изҳор менамояд, ки 15-уми декабри соли ҷорӣ, соати 14-00, дар маҳаллаи «Бархоруғ» шаҳрванд Мамадбоқиров Мамадбоқир бо чанд нафар гурўҳи авбошон, бе иҷозати расмӣ ба объекти муҳими давлатӣ – шуъбаи дар шаҳри Хоруғ будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гашта, ба яке аз кормандони ин сохтор ҳуҷум кард ва бо истифода аз дастаи таппонча ўро захмӣ намуд. Тавассути кормандони КДАМ ҶТ Мамадбоқиров М. дастгир гардид. Аз ў пистолети тамғаи «ПМ», берақам, бо 16 дона тир мусодира карда шуд. Баъди суҳбати профилактикии сесоата, М.Мамадбоқиров бо таъкиди надоштани иҷозати тарки макони истиқомат озод карда шуд. Дар ин амалҳои ҷиноятӣ М.Мамадбокировро як гурўҳ ҷавонони шаҳри Хоруғ ҳамроҳӣ менамуданд. Нисбати ин қазия парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид ва тафтишот идома дорад.
МРҶ РКДАМ ҶТ дар ВМКБ








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






