Касбомўзӣ ҷиҳати беҳдошти шароити мусоид

Декабрь 2, 2014 10:06

Душанбе, 02.12.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Филиали Муассисаи давлатии Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ (ФМДМТКТ) тавассути намояндагии худ дар ноҳияи Шуғнон дар ҳамкорӣ бо Агентии шуғли аҳолии ноҳияи Шуғнон аз ҳисоби барнома барои 33 нафар зани хонашин дар ду ҷамоати ноҳия курси думоҳаи касбомўзӣ ташкил намуд. Ба омўзиш 18 нафар дар ҷамоати деҳоти Навобод ба касби тоқидўзӣ ва 15 нафар дар ҷамоати деҳоти Сучон ба касби гулдўзӣ фаро гирифта шуданд. Зиёда аз 50% касбомўзон аз оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд.
Тавре ки аз Хадамоти муҳоҷират иттилоъ доданд, дар нуҳ моҳи соли равон аз тарафи муассисаи мазкур тавассути намояндагии он дар ноҳияи Шуғнон, дар заминаи литсейи касбии техникии №77 аз рўи касбҳои хизматрасонӣ, устои таъмири нақлиёт ва ошпаз 30 нафар, дар ҷамоати деҳоти Ванқалъа аз рўи омўзиши касби асосҳои компютерӣ 15 нафар, дар ҷамоати деҳоти Поршнев аз рўи касбҳои дўзандагӣ ва омўзиши асосҳои компютерӣ 30 нафар, дар ҷамоати деҳоти Вер аз рўи касби дўзандагӣ 15 нафар, дар ҷамоати деҳоти Ғ. Шаҳбозов аз рўи касби сангтарошӣ 15 нафар ва дар ҷамоати деҳоти М.Ширинҷонов аз рўи касби коркарди меваю сабзавот 15 нафар ба касбомўзӣ фаро гирифта шуд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Шуғнон тасмим гирифтааст, ки минбаъд ҳам дар ҳамкорӣ бо шуъбаи агентии шуғли аҳолии ноҳия ва намояндагии ФМДМТКТ ноҳия оилаҳои муҳоҷирони меҳнатиро ба касбомўзӣ бештар ҷалб намояд.
 
 

Декабрь 2, 2014 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад