КМИР нақшаи чорабиниҳои интихоботи парлумониро тасдиқ кард

Декабрь 8, 2014 11:26

 
Душанбе, 8.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Шермуҳаммад Шоҳиён -раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии /КМИР/ Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҷаласаи КМИР баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба омодагӣ ва баргузории интихоботи парлумонӣ дар кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
     Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ташкили ҳавзаҳои якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва тасдиқи шакли ҳуҷҷатҳои интихоботӣ баррасӣ ва тасдиқ гардиданд.
  Бояд тазаккур дод, ки дар нақшаи тақвимӣ  тамоми масъалаҳои вобаста ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, муҳлати иҷрои  чорабиниҳо, сохторҳои масъули амалкунандаи чорабиниҳо мушаххас шуданд
          Инчунин дар ҷаласаи КМИР масъалаи муайян намудани ҳудуд ва макони ҷойгиршавии ҳавзаҳои якмандатии интихобот оид ба интихоботи  вакилони Маҷлиси намояндагон  матраҳ гардид. Тибқи қарори қабулнамудаи КМИР дар ҳудуди кишвар  41 ҳавзаи якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созмон дода шуда, ҳамзамон ҳудуд, макони ҷойгиршавӣ ва шумораи тахминии интихобкунандагони ин ҳавзаҳо муайяни шуданд.
     Дар ҷаласаи КМИР тибқи талаботи  қонунгузории интихоботӣ шакл, намуд  ва андозаи ҳуҷҷатҳои интихоботӣ, ки дар раванди  интихобот мавриди корбарии комиссияҳои интихоботӣ қарор мегиранд, муайян  шуданд.    
 
 
 
 

Декабрь 8, 2014 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид