КМИР нақшаи чорабиниҳои интихоботи парлумониро тасдиқ кард
Душанбе, 8.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Шермуҳаммад Шоҳиён -раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии /КМИР/ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи КМИР баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба омодагӣ ва баргузории интихоботи парлумонӣ дар кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ташкили ҳавзаҳои якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тасдиқи шакли ҳуҷҷатҳои интихоботӣ баррасӣ ва тасдиқ гардиданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар нақшаи тақвимӣ тамоми масъалаҳои вобаста ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, муҳлати иҷрои чорабиниҳо, сохторҳои масъули амалкунандаи чорабиниҳо мушаххас шуданд
Инчунин дар ҷаласаи КМИР масъалаи муайян намудани ҳудуд ва макони ҷойгиршавии ҳавзаҳои якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон матраҳ гардид. Тибқи қарори қабулнамудаи КМИР дар ҳудуди кишвар 41 ҳавзаи якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созмон дода шуда, ҳамзамон ҳудуд, макони ҷойгиршавӣ ва шумораи тахминии интихобкунандагони ин ҳавзаҳо муайяни шуданд.
Дар ҷаласаи КМИР тибқи талаботи қонунгузории интихоботӣ шакл, намуд ва андозаи ҳуҷҷатҳои интихоботӣ, ки дар раванди интихобот мавриди корбарии комиссияҳои интихоботӣ қарор мегиранд, муайян шуданд.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






