Конфронс оид ба қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ

Декабрь 3, 2014 14:51

Душанбе, 03.12.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Имрӯз бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар маҷмааи давлатии «Душанбе-Плаза» дар мавзӯи «Дастовардҳо, мушкилот ва дурнамои инкишофи қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ ба кор оғоз намуд.
Тавре ки ВКД ҶТ хабар медиҳад, дар конфронс муовини вазири корҳои дохилӣ  Умарзода Икром Ислом, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллозода, муовини аввали Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқодир Муҳаммадиев, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, сафоратҳо, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, олимони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Академияи ВКД Беларус, намояндагони адвокатура ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок доштанд.   
Сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ Маҷидзода Ҷӯрахон Зоир зикр кард, ки ҳадафи баргузории конфронс — ин таҳлил намудани масъалаҳои мураккаби мурофиаи ҷиноятӣ мебошад.
Бояд зикр намуд, ки конфронси имрӯза бо дастгирии Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони амрикоӣ дар Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо баргузор гардид.
Конфронси мазкур баъди қабули Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз панҷ сол бори аввал доир шуда, мавзӯъҳои он муҳим ва саривақтӣ мебошанд.
 
 
 
 

Декабрь 3, 2014 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд