Конибодом: нигаронӣ аз афзоиши садамаҳои нақлиётӣ

Декабрь 17, 2014 08:54

Конибодом, 17.12.2014. ( АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-Содиршавии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ дар роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди ноҳияи Конибодом бо иштироки ронандагону пиёдагардон аз аввали соли равон  инҷониб афзудааст. 
Тавре ки ба АМИТ ”Ховар” аз маркази матбуоти шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд  иттилоъ доданд, дар давоми 11 моҳи соли равон дар роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди ноҳияи мазкур 22 ҳодисаи роҳу нақлиётӣ рух додааст, ки дар натиҷа наздики 10 нафар ҳалок гардида, 12 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштааст.
Дар маҷмӯъ,  аз оғози соли равон дар роҳҳои нақлиётгарди шимоли кишвар дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ  326 ҳодисаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 112 нафар ба ҳалокат расида, 344 нафари дигар ҷароҳати гуногун бардоштааст.  
 

Декабрь 17, 2014 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад