Корҳои тавзеҳотӣ байни муҳоҷирон

Декабрь 3, 2014 15:42

Душанбе,  03.12.2014. (АМИТ «Ховар»,  Лайло  Тоирӣ).- Бинобар мавқеи  қонунӣ   пайдо  кардани  талаботи нави  қонуни  муҳоҷират  намояндагии Вазорати  меҳнат,  муҳоҷират ва  шуғли  аҳолии  ҶТ  дар  ФР  оид ба  муҳоҷират  байни  муҳоҷирони меҳнатии шаҳрванди  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  Федератсияи  Русия  корҳои тавзеҳотиро   анҷом медиҳад. 
Тавре ки котиби  матбуоти  намояндагии Хадамоти  муҳоҷирати  ҶТ  дар  ФР   Иброҳим Аҳмадов    хабар  дод,  кормандони  намояндагӣ  1  ва  2  декабр бо  муҳоҷирони меҳнатии  тоҷик, ки  дар  Ширкати   сохтмонии холдингии  Авруосиё  ва  корхонаи дастгоҳҳои  фулузотии   Хабаровск  кор  мекунанд,  маҷлиси  вохӯрӣ  тартиб дод. 
Дар  ҷараёни  вохӯрӣ   ба  муҳоҷирон  иттилоъ  дода шуд, ки  шаҳрвандони  хориҷие, ки  барои  иҷрои  кор  ба  Русия  омадаанд,  аз  1  январи  соли 2015  метавонанд дар  ҳузури   шахсони   ҳуқуқӣ  мувофиқи   иҷозатн6ома  кор  кунанд. Ин  навигарӣ  ба   шаҳрвандоне  дахл дорад, ки  барои  будубош  дар  Русия  ба  раводид   зарурат  надоранд. Қоидаҳои  зикршуда,  аз ҷумла,  ба   шаҳрвандони  Тоҷикистон  ҳам   дахл  мекунанд. 
«Ҳангоми  убури  сарҳад  агар шаҳрванд  мақсади  омаданашро  бо  калимаи «кор» баён  карда бошад,  онгоҳ  вай аз  давраи  омаданаш  бояд тайи  30  рӯз  дар  бораи додани иҷозатнома  ариза   пешниҳод  кунад. Аризаҳоро хадамоти  муҳоҷират  ва  мақомоти  ҳокимияти ниҳодҳои  федератсия ба расмият  медароранд», — зикр  намуд  Иброҳим  Аҳмадов.
Барои  гирифтани  чунин  ҳуҷҷат муҳоҷирон  бояд  надоштани доғи  судӣ  ва  мавҷудияти  маҳалли  иқоматро   тасдиқ  намуда,  сертификат  дар  бораи  донистани   забони русӣ,  таъриху  асосҳои қонунгузории  Русия ва  суғуртаномаи  тиббиро  пешниҳод  намоянд. 
«Ҳамчунин  ба ҳамаи  ҳозирин  иттилоъ  дода шуд, ки дар  ҳудуди  шаҳри  Хабаровск 4  маркази  тестӣ фаъолият  дошта,  курсҳои омӯзиши  забони русӣ кушода шудаанд»,  —  афзуд  Иброҳим  Аҳмадов.

Декабрь 3, 2014 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид