Корномаи Сафар Сулаймонӣ

Декабрь 22, 2014 14:24

Душанбе, 22.12.2014.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Корноманигорӣ дар фаъолияти илмию пажӯҳишии олимон мавқеъ ва ҷойгоҳи вижаеро доро мебошад. Дар чунин навъи гузориши таҳлилию илмии муассиса фаъолияти солонаи олим, мутахассис ва ё коршинос  натиҷагирӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад ва чунин иқдом имкон медиҳад, ки  кулли фаъолияти илмӣ дастраси ҳамагон гардад ва чунин ибтикор барои мушаххас намудани дурнамои фаъолияти илмӣ низ муфид мебошад, ки дар он роҳ корҳо равшан мегарданд.
          Солҳои охир Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ба чунин иқдом натиҷагирии солонаи фаъолиятҳои илмии олимонро таҳия намуда, барои масъулини соҳа зери унвони «Корнома», «Гузориш», «Ҳисобот» манзури муҳаққиқон ва дастандаркорони соҳа мегардонад. Дар ин росто  «Корномаи илмии профессор Сафар Сулаймонӣ дар соли 2014” аз намунаи чунин иқдом мебошад. Дар корнома фаъолияти илмии профессор Сафар Сулаймонӣ дар соли 2014 мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. 
Дастур барои намуна дар таҳияи библиографиҳо, рӯйхати китобҳо барои кормандони китобхонаҳо ва муҳаққиқон муфид мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки танҳо дар соли 2014 аз ҷониби профессор Сафар Сулаймонӣ 9 китоб ва беш аз 30 мақолаи илмӣ чоп шудааст, ки муҳимтарини онҳо “Донишномаи фарҳангшиносии навин”, “Донишномаи навини ислом”,  “Фарҳангшиносӣ”, “Қуръон ва маҳоратҳои зиндагӣ” ва ғайраҳо  мебошад. Зери роҳбарии ишон 5 нафар унвонҷӯ аз рисолаи худ дифоъ кардааст.
 
 

Декабрь 22, 2014 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид