«Кошонаи саодат» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Душанбе, 3.12.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон дар доираи маъракаи иттилоотии “16 рӯзи безӯроварӣ” аз ҷониби шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо занону духтарони деҳаи Сартӯқай маҳфили «Кошонаи саодат» баргузор гардид. Ба маҳфил зиёда аз 20 нафар занону духтарони хонашин ва оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ҷалб шуданд.
Бино ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, дар давоми се рӯз ба иштирокчиён одоби муошират, муносибати байниҳамдигарӣ аз нуқтаи равонӣ, баланд бардоштани маданияти рӯзгордорӣ ва ҳуқуқи зан аз нигоҳи қонун ва шариат омӯзонида шуд.
Ҳамзамон дар маҳфил ба ду нафар ҷавон, ки хоҳиши оила бунёд кардан доранд, оид ба маърифати оиладорӣ суҳбат гузаронида, ба онҳо китоби “Кошонаи саодат” тақдим карда шуд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






