«Кошонаи саодат» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Декабрь 3, 2014 10:25

 
Душанбе, 3.12.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Бо мақсади дар  амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон дар доираи маъракаи иттилоотии “16 рӯзи безӯроварӣ” аз ҷониби шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар  ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо занону духтарони деҳаи Сартӯқай маҳфили «Кошонаи саодат» баргузор гардид. Ба маҳфил зиёда аз 20 нафар занону духтарони хонашин ва оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ҷалб  шуданд.
Бино ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, дар давоми се рӯз ба иштирокчиён одоби муошират, муносибати байниҳамдигарӣ аз нуқтаи равонӣ, баланд бардоштани маданияти рӯзгордорӣ ва ҳуқуқи зан аз нигоҳи қонун ва шариат омӯзонида шуд.
Ҳамзамон дар маҳфил ба ду нафар ҷавон, ки хоҳиши оила бунёд кардан доранд, оид ба маърифати оиладорӣ суҳбат гузаронида, ба онҳо китоби “Кошонаи саодат” тақдим карда шуд.
 
 
 
 
 

Декабрь 3, 2014 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид