Кумаки техникии Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон
Душанбе, 2.12.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дар чорчӯбаи лоиҳаи «Таъминот барои дастгирии ислоҳоти низоми нафақа», Иттиҳоди Аврупо дирӯз ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Тоҷикистон таҷҳизоти компютерӣ туҳфа намуд.
Маблағи умумии таҷҳизоти мазкур, ки аз тарафи ширкати «КАНКОН онлайн ГмбХ» дастрас гардид, ба маблағи шаш миллион сомонӣ баробар аст.
Гуфта мешавад, ки имсол аз ҳамкориҳои дуҷониба байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон 20 сол сипарӣ мешавад. Дар давоми ин солҳо Иттиҳоди Аврупо як силсила барномаҳои давлатиро барои рушди инсонӣ ва инкишофи иқтисодиёт амалӣ намуд. Дастгирии сиёсӣ ва иқтисодии Аврупо дар Тоҷикистон бо мақсади барои ба даст овардани дастовардҳои Стратегияи миллии рушд ва гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ ба кишвари мо бевосита мусоидат намуда истодааст.
Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар доираи Созишномаи ҳамкории тарафайн, ки моҳи октябри соли 2004 баста шуд ва аз 1 январи соли 2010 ба ҳукми қонун даромад, бо самтҳои гуногунпаҳлӯ, аз ҷумла дар самти таъминоти нафақа ҳамкорӣ дорад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






