Лоиҳаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав

Декабрь 9, 2014 16:40

Душанбе, 9.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- “Лоиҳаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав”- таҳти чунин унвон имрӯз дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.
    Дар  нишаст роҳбарият ва кормандони Маркази миллии қонунгузорӣ, намояндагони Суди ноҳияи Рӯдакӣ, кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар идораҳои дахлдор иштирок намуданд. 
Гуфта шуд, ки тағйиру иловаҳо ворид намудан ба ин ё он қонун далели он нест, ки қонунҳои қабулшуда комилу қонеъкунанда набошанд, зеро ҷамъият дар рушду инкишоф аст ва масъалаҳои зиёдро ба вуҷуд меорад.  Маҳз ҳамин пешравию тараққиёт боис мегарданд, то санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ низ дар таҳрири нав  мавриди амал қарор гиранд.
Имрӯз зарурат пеш омадааст,  ки Кодекси  граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар таҳрири нав амал кунад.  Вобаста ба ин иштирокчиён масъалаҳои такмили қисми якум, моҳияти таҳрири нави қисми дуюм,  масъалаҳои консептуалии таҳрири қисми сеюми Кодекси  граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои онро мавриди баррасӣ қарор доданд. 
 
 

Декабрь 9, 2014 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид