Лоиҳаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав
Душанбе, 9.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- “Лоиҳаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав”- таҳти чунин унвон имрӯз дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар нишаст роҳбарият ва кормандони Маркази миллии қонунгузорӣ, намояндагони Суди ноҳияи Рӯдакӣ, кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар идораҳои дахлдор иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки тағйиру иловаҳо ворид намудан ба ин ё он қонун далели он нест, ки қонунҳои қабулшуда комилу қонеъкунанда набошанд, зеро ҷамъият дар рушду инкишоф аст ва масъалаҳои зиёдро ба вуҷуд меорад. Маҳз ҳамин пешравию тараққиёт боис мегарданд, то санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ низ дар таҳрири нав мавриди амал қарор гиранд.
Имрӯз зарурат пеш омадааст, ки Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар таҳрири нав амал кунад. Вобаста ба ин иштирокчиён масъалаҳои такмили қисми якум, моҳияти таҳрири нави қисми дуюм, масъалаҳои консептуалии таҳрири қисми сеюми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои онро мавриди баррасӣ қарор доданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






