М. Қосимова-тимсоли зиндаи театри тоҷик
Душанбе, 19.12.2014 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Имрӯз ҳунарманди шинохтаи театру синамои тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, «Модари театри тоҷик» Мушаррафа Қосимова 96-сола шуд. Ин ҳунарманди маҳбуб 19 декабри соли 1918 дар Самарқанд таваллуд шудааст. Падари вай Орифҷон Расулиро соли 1924 дар қатори дигар равшанфикрони тоҷик ба пойтахти Тоҷикистон -Душанбе фиристода буданд. Соли 1930 падари Мушаррафа Қосимова оилаашро аз Самарқанд ба Душанбе овард. Мушаррафаи ҷавон дар он айём ба омӯзишгоҳи тиббии Тошкент дохил шуда, пас аз марги падар дар соли 1937 маҷбуран омӯзишгоҳро партофта, ба назди хоҳару додаронаш бармегардад. Барои таъмини оила Мушаррафа бо кумаки яке аз хешон- Ғанӣ Абдулло ба театри драмавии ба номи Лоҳутӣ ба кор меравад.
Маҳз дар ҳамин ҷо вай бо шавҳари ояндааш, аввалин драманависи тоҷик Абдулҳақ Усмонов шинос мешавад. Соли 1942 Абдулҳақ Усмонов қаҳрамонона дар Ҷанги Бузурги Ҷаҳонӣ ҳалок мегардад.
Бо амри тақдир пас аз якчанд сол Мушаррафа Қосимова бо ҳунарманди шинохта ва роҳбари бадеии театр Муҳаммадҷон Қосимов оиладор мешавад. М.Қосимова аз овони ҷавонӣ дар саҳнаи тоҷик ҳунарнамоӣ карда, бо намоишномаҳои театрӣ дар ноҳияву деҳаҳои Тоҷикистон баромад карда, доим дар байни мардум буд. Мушаррафа Қосимова дар намоишномаҳои зиёде ҳунарнамоӣ кардааст, аз ҷумла, дар намоишномаҳои «Тӯй», «Зиндагӣ ва муҳаббат», «Модар», «Номаро ман навиштам», «Фармони Кадушоҳ» ва ғайра. Инчунин ин ҳунарпеша дар филмҳои ҳунарии «Нисо». «Дохунда», «Дӯсти ман Наврӯзов», «Ҷавонии Насриддин» ва ғайра нақш бозидааст.
Имрӯз ин зани ҳунарманд соҳиби набераю абераи зиёд буда, доим кӯшиш мекунад онҳоро дар сари як дастархон ҷамъ намояд. Дар чунин рӯзҳо вай дар бораи овони кӯдакӣ ва ҷавонӣ, таърихи гузаштагонаш нақл менамояд ва ҳама пайвандон бо завқ ин нақлҳоро гӯш мекунанд.
Ҳарчанд солҳои охир М.Қосимова дар саҳнаи театр ва кино нақш намеофарад, вале доимо кӯшиш мекунад аз тариқи рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизион бо хабарҳои дохиливу хориҷи кишвар ошно гардад. Ба гуфтаи вай имрӯз дӯсти беҳтаринаш рӯзнома мебошад. Ба 96- солагии худ нигоҳ накарда, «модар»-и театри тоҷик доимо бо намояндагони воситаҳои ахбори омма дар робита буда, барои барномаҳои телевизионӣ мусоҳибаҳо медиҳад.
М.Қосимова аз рӯзгори ба сар бурдааш шукрона дошта, фахр мекунад, ки меҳнати кардааш зоеъ нарафта ва онро қадрдонӣ кардаанд.
Ин зани ҳунарманд ба ҳама насиҳат карда, сирри дарозумриашро дар зиндадилию дӯст доштани зиндагӣ мебинад ва пайваста изҳор мекунад, ки ҳар як шахс бояд зиндагиро дӯст дорад.
Дар чунин рӯзи фархунда ин ҳунарманди ба ҳама маҳбуби тоҷикро табрик намуда, барояш саломатӣ ва давлати пириро таманно дорем.








Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд






