М. Убайдуллоев: «Неруи барқро сарфакорона истифода намоед!»
Душанбе, 17.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар ҷаласаи шаҳрдорӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев-раиси шаҳри Душанбе ба муовинонаш, раисони чор ноҳияи пойтахт ва роҳбарону масъулини шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе ва дигар ниҳодҳои марбут ба таъмин намудани неруи барқу гармӣ ва муҳандисии пойтахтро вобаста аз зарурати сарфаҷӯии неруи барқ ва ба ин васила коҳиш додани сербории низоми ягонаи барқии кишвар дар мавсими зимистон дастур дод, ки низоми сарфаҷӯии барқро дар шаҳр таъмин намоянд.
Раиси шаҳр таъкид кард, ки барои коҳиш додани истифодаи неруи барқ дар пойтахт, ки мутаассифона, беш аз пеш аз меъёр зиёд гардида истодааст, мо бояд чораҳои мушаххасро амалӣ намоем, зеро нисбат ба 15-16-уми моҳи декабри соли 2013 дар таърихи 15-16 декабри соли равон истифодаи шабонарӯзии неруи барқ мутаносибан 18,9 ва 48,2 дар сад афзудааст, ки дар низоми маҳдудиятҳои интиқоли реҷавии барқ дар кишвар муросонопазир аст. Дар ин самт раиси шаҳр ба масъулини ниҳодҳои марбута дастур дод, ки дар пойтахт миёни мардум корҳои таблиғотиро ба роҳ монда, фарҳанги сарфаву сариштакорона истифода кардани неруи барқро дар хонаю коргоҳҳо риоя созанд.
Дар иртибот ба ин масъала шаҳрдорӣ комиссияҳои ҷамъиятиро муваззаф кард, ки бо гузаронидани санҷишҳои муштараки доимӣ нисбат ба хилофкорон тадбирҳои қатъии пешбининамудаи қонунгузориро татбиқ намоянд








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






