Маҷлиси миллӣ қонун «Дар бораи гирдиҳамоиҳо»-ро ҷонибдорӣ кард
Душанбе,24.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар иҷлосияи охирини палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон дар соли 2014 даҳ масъалаи марбут ба рушди ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишварамон аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ баррасӣ ва ҷонибдорӣ гардид.
Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи назорати содирот», «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи хизмати дипломатӣ» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» аз масъалаҳое буданд, ки дар иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ гардиданд.
Раисони палатаи болоии Парлумони мамлакат Бахтиёр Худоёрзода, Қурбон Убайдулло Абдулло ва Фарҳод Раҳимӣ қонунҳои мазкурро тавзеҳ доданд. Зикр шуд, ки ҳадаф аз ҷонибдории қонунҳо аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ такмили қонунгузории кишвар, мутобиқ намудани онҳо ба санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ҳифзи манфиат ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвияти мубориза бар зидди терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуби замони муосир, волоияти қонун, таҳкими назорат дар бахши содирот, пурзӯр гардонидани назорати гумрукӣ, ҳифзи иҷтимоии муаллифон, имтиёзҳо ба дипломатҳо ва рушди дипломатияи иқтисодӣ дар кишвар мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллӣ охирин иҷлосия дар соли 2014-ум ба шумор рафта, интизор меравад, ки то баргузории интихоботи аъзои нави палатаи болоии Парлумони мамлакат дар моҳи март иҷлосияи бистуякум ё худ охирин дар даъвати чорум баргузор гардад, зеро тибқи Фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 27 марти соли 2015 дар ҷумҳурӣ интихоботи аъзои нави Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






