Маблағҳои БАРТ барои беҳдошти роҳҳои Тоҷикистон
Душанбе, 24.12.2014. (АМИТ «Ховар»).- Бонки аврупоии рушд ва тавсеа (БАРТ) ва мададгорони ҷаҳон барои тармими таъхирнопазири роҳҳои мошингарди кишвар беш аз 5 миллион доллари ИМА ҷудо кардаанд.
Тавре ки аз намояндагии БАРТ дар Тоҷикистон хабар доданд, маблағи қарзӣ иборат аз 2 миллиону 540 ҳазор доллари ИМА ва қарзҳои бебозгашт баробар 2 миллион доллар имкон медиҳанд, ки лоиҳаи тармими роҳҳо муваффақона дар амал татбиқ карда шавад.
Маблағҳои барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудокардашуда ҷиҳати хариди грейдеру экскаваторҳо, мошинҳои боркаш, таҷҳизоти озмоишгоҳҳо ва техникаи дигар истифода мешаванд.
Вақтҳои наздик татбиқи боз як лоиҳаи бахши роҳҳои мошингард оғоз меёбад. Тоҷикистон дар асоси ин лоиҳа барои таҷдиду навсозии роҳи мошингард аз шаҳри Душанбе то сарҳади Ӯзбекистон 35 миллион доллари ИМА мегирад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






