Марги 130 нафар дар Ҳиндустон

Декабрь 30, 2014 15:21

 
Душанбе,30.12.2014. (АМИТ «Ховар».-Иброҳими Ҳабибуллоҳ).-         Дар қисми шимолии Ҳиндустон бар асари боридани борону барфи зиёд  беш аз 130 нафар ба ҳалокат расид. Гуфта мешавад, ки бештари қурбониёнро пиронсолон ва кӯдакон ташкил медиҳад. Аз офати табиӣ бештар сокинони штати Уттар-Прадеш азият мекашанд. Ба гуфти сокинони кишвар  чунин номусоидии вазъи ҳаво муддати  10 сол боз ба қайд гирифта нашуда буд.
  Душанбе,30.12.2014. (АМИТ «Ховар»).-Ба иттилои хабаргузориҳои Ройтерз ва Франс-пресс дирӯз як ҳавопаймои ширкати AirAsia QZ8501, ки аз шаҳри Сурабаяи Индонезия равонаи Сингапур буд, тамосаш бо бурҷи муроқибат қатъ шуда, нопадид гаштааст. Бояд гуфт, ки дар дохили ҳавопаймо зиёда аз 162 нафар мусофир будааст. Гуфта мешавад, ки  барои дарёфти ҳавопаймо  ҷустуҷӯи фаврӣ идома дорад. 
       Душанбе,30.12.2014. (АМИТ «Ховар»).-Парлумони Афғонистон ҳафтаи равон баъд аз баҳсу баррасиҳои тӯлонӣ тасмим гирифт, ки ҳайате аз вакилон бо раисиҷумҳур Ашраф Ғанӣ ва раиси иҷроия Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар мавриди таъхир дар ташкили ҳукумати нав вориди гуфтугӯ шаванд. Мувофиқи иттилои котиби матбуотии вакилони парлумони кишвар  сабаби то ҳол муаррифӣ нашудани ҳукумати нав  мухолифат миёни раисиҷумҳур ва раиси иҷроия дар мавриди пешбарии номзадҳо ба мақомҳои калидист.
     Душанбе,30.12.2014. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи иттилои мақомоти амнияти миллии Яман дирӯз  дар наздикии пойтахти Яман-  шаҳри Санъо миёни гурӯҳи силоҳбадастони номаълум ва неруҳои давлатӣ тирпарронии мусаллаҳона ба амал омад. Дар ҷои ҳодиса 14 тан аз силаҳшӯрон ва 2 корманди мақомоти полис ба ҳалокат расида, 8 тани дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошт.  
    Душанбе,30.12.2014. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Эрон дирӯз  дар шаҳри Голпайегани Эрон 4 силоҳбадасти номаълум дар назди қароргоҳи кормандони мақомоти полиси кишвар ҳадафи оташфишонӣ қарор дода, дар ҷои ҳодиса 5 нафар аз кормандони мақомоти полис  ҷон бохта, 5 тани дигар зарбҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошт. Ҷинояткорон пас аз анҷом додани ин амали зишти хеш дарҳол аз ҷои ҳодиса ғайб заданд. 
 

Декабрь 30, 2014 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст