Марказҳои савдо 1 феврали соли 2015 ба истифода дода мешаванд

Декабрь 11, 2014 16:16

Душaнбе, 11.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Дар марказҳои савдои аз сӯхтор осебдидаи «Сино», «Тоҷир» ва «Баҳор»-и шаҳри Хуҷанд  корҳои азнавбарқароркунӣ ва сохтмонӣ идома дорад. Пойдевори асосии иншоот бунёд гардида, бо мақсади пешгирӣ намудани ҳолатҳои сӯхтор ва иҷро намудани талаботи зиддисӯхторӣ дар сохтмон танҳо аз масолеҳи сохтмонии оҳану бетонӣ, хишти ба оташ тобовар истифода мешавад. Ҳамчунин дар ҳар як 20 метр нуқтаҳои обтаъминкунии зиддисӯхтор (гидранти обӣ) насб шудаанд.
Зимни боздид аз корҳои сохтмонӣ раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки  бо истифода аз ҳавои нисбатан мусоид теъдоди сохтмончиён зиёд карда шуда, дар санаи пешбинишуда-1 феврали соли 2015 бояд марказҳои савдо мавриди истифода ва хизматрасонӣ қарор гиранд.
Дар мавриди таъмини фарзандони соҳибкорони зарардида муовини раиси шаҳри Хуҷанд Умеда Муродова иттилоъ дод, ки то имрӯз 102 нафар чунин соҳибкор барои мувақкатан озод намудани фарзандони онҳо аз пардохти маблағҳои таълимӣ ва тарбиявӣ муроҷиат намуданд, ки дархости ҳамаи онҳо қонеъ карда шуд. Дар баробари ин ба муассисаҳои тиббӣ зиёда аз 10 нафар осебдида барои барқарор намудани саломатиашон муроҷиат намуданд, ки ба онҳо низ кумаки тиббии саривақтии ройгон расонда шуд.
 Лозим ба ёдоварист, ки дар баробари фаъолияти дубораи марказҳои савдо наздики 200 нафар соҳибкор ҷойи кории худро барқарор хоҳад кард.

Декабрь 11, 2014 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид